Таърихи Кулоб

Шахри Кулоб дар асри XVI

Кулоб аз шахрхои нисбатан бузурги Точикистони имрузи,таърихи рангину кадима дорад.Дар замонхои пешин он чузъи давлат ё вилояти таърихии Хатлон(Хуталл , Хуталлон)ба хисоб мерафт.Хатлони таърихи кишваре буд вокеъ дар байни ду руди бобаракати Панчу Вахш ва шохони он тибки маълумоти Ибни Хурдодбех лакаби «хутталоншох» ё «шерони Хутталон»-ро доштаанд.Ин кишвар дар таърих бо аспхои хушзоти бидови хуб,»аспхои хатли» ва мардуми чангии худ машхури кишвархои Хуросону Мовароуннахр будааст.

Хатлон бо истихрочи тиллою намаки худ низ дар таърих шухрати беандоза дошт.Ногуфта намонад,ки яке аз намунахои аввалини шеъри дарии форсии точики,ки то ба замони мо омада расидааст,махз ба номи Хатлон марбут аст.Табари муаррихи машхур дар «Таърих-ар-русул вал-мулук»-и худ бори аввал зимни тавсифи хаводиси соли 108/726 ва сипас зимни овардани хаводиси санаи 119/737он китъаро зикр намудааст.Дар соли 737 мелоди сарлашкару волии Хуросон Асад ибни Абдуллох ба Хуттал хучум оварда аз хокони турк-Курсугонун мадад мехохад.У ба ёри пеш меояд.Асад аз ин хол бохабар шуда ба зуди аз назди Чабалу-л мулх (Кухи намак,ки имруз дар Кулоб бо номи Хоча муъмин маъруф аст) гузашта ба сохили дарёи Панч мерасад ва аз бисту се чои дарё ба гузаштан шуруъ мекунад. Хануз убур ба охир нарасида буд,ки туркону хатлониён аз дарё гузашта бори дигар лашкари Асадро мунхазим сохтанд. Асад бо холи табох ба Балх мурочиат мекунад. «Ана дар хамин газохо — навишта буд Табари- мардум ба форси ба у чунин гуфтанд:

Аз Хутталон омадия,
Ба ру табох омадия,
Обор боз омадия,
Хушк назар омадия

Дар асрхои IX-X мелоди дар замони сомониён Хатлон хеле пуркувват буда, ба давлати сомониён итоат намекард.Давлатхои хурди минтака ба амири сомони соле як бор хадя мефиристодаанду халос.

Баъд аз заволи давлати сомониён дар охири асри X Хатлон низ мисли давлатчахои дигари хамсояи худ дар тули асрхои минбаъда борхо дучори хамлаи аквоми туркнажод гардида,хар дафъа баъд аз харобихои зиёду катлу горати мардум Хатлониён боз ба ободонии кишвари худ мепардохтанд.Хучумхои карахонихо,карахитоихо, лащкари Султон Махмуди Газнави, салчукиён ва туркхои махалли аз хамин кабилаанд.

Аз хучумхои мазкур ду чанг боиси харобии нихоят сахти Хатлон гардидаанд.Яке аз онхо бо номи шохзодаи карахони-Буритегин ва дигар бо номи Алпарслони салчуки марбут мебошад.Тибки маълумоти овардаи сохиби»Таърихи Байхаки» Буритегини мазкур,ки номаш Иброхим ибни Наср буд,дар санаи 1038-39 бо кумичиёну туркони ганчина, ки дар дарахои Шумону Вашгирд байни Чагониёну Хутталон мезистанд,ба Вахшу Хутталон хучум бурда , онхоро то наздикихои Хулбук- пойтахти Хутталон горат карданд.Амири газнави Масъуд баъди шунидани ин хабар чунин гуфта буд:»Буритегин баъдтар аст аз туркманон , ки фурсате чуст ва дартохту бештар аз Хутталон горат кард. Ва агар мо пасттар (дертар) расидеми,вай он навохи горат карди»

Хамин тавр ,ба соли 1038-39 кисми бештари Хатлон дучори набху горат ва хароби гардид.Чи тавре ки маъхазхои таърихи дарак медихад,Хатлон баъд аз муддати кутохе вазъи худро ба эътидол оварда дар замони салчукиён сар аз итоат боз зад.Муаррихи бузурги араб Ибна-л-Асир вокеаи чанги байниХатлониёну Алпарслони салчукиро зимни баёни хаводиси соди 456/1063-64 чунин ба калам додоаастю

«Баъд аз марги Тогрулбек ба чои у Алпарслон подшох шуд.Амири Хутталон дар калъаи худ оси гардида,хироч напардохт.Султон ба чанги у шитофт.Чун ба Хутталон расид ,дид, ки калъаи он бисёр мустахкаму баланд аст.У чанде бо сохиби калъа чангид,вале ба чизе ноил нагардид.Рузе Алпарслон бо шахси худ ба чанг пардохт.У аз асп пиёда шуда ба кух (баланди)баромадан гирифт.Аскарон аз у пайрави карда, ба мавкеи Хутталиён наздик шуданд ва ба хучумхои пай дар пай пардохтанд.Сщхиби калъа(яъне шохи Хутталон)дар замон дар болои калъа назди тиркаше истода буд ва афроди худро ба чанг тахриз мекард.Нохост тире,ки онро ба суи у кушод дода буд, ба вай расид ва уро бикушт.Сипас Алпарслон калъаро фатх кард ва Хутталон ба хайати кишвархои у даромад».

Гуфтан мумкин аст,ки бо ин чанги дар санаи 456/1063-64 рух дода,бо Хатлону маркази он зарбаи мухлик дода шуд.Баъд аз таърихи мазкур номи марказиХатлон шахри Хулбукро дигар дар маохизи таърихи дучор намеоем.Баръакс дар давраи мазкур муаррихон аз калъаи Кулоб дар наздикихои Чайхун ёд кардаанд,ки ба гумони голиб он дар чои шахри Кулоби имруза вокеъ буд.Чунин ба назар мерасад,ки баъди дар санаи 1038-39 аз тарафи Буритегину кумичиёну туркони ганчина хароб карда шудани шахрхою дехоти Хатлон табдил ёфт.Баъди инхидому хароб сохтани калъа хаёт дар он мавзеъба кулли катъ нагардид ва чи тавре ки дар боло кайд кардем, дар он чо бо мурури замон деха ва сипас шахре бо номи Кулоб дар асрхои xv-xvi комат афрохт.Бо хамин , дигар то асри xvi оиди шахри Кулоб дар сарчашмахои таърихи маълумоте дучор намегардад.Як нафар амирони турк Сайиди Алии Раис , ки ашъори зиёдеро аз девонхои Саъди, Амир Хусрави Дехлави ва Мавлоно Чалолиддини Руми аз бар медонист ва худ низ ба форси шеър мегуфт, дар асари ба забони турки навиштани—«Миръоту-л-мамолик»(ойинаи кишвархо) оиди Хатлону шахри Кулоб ва мавзеи тавозуди мазори хазрати Амири Кабир Сайид Алии Хамадони маълумоти тозаи пуркимат додоааст. Аз порчаи мазкур чунин бармеояд, ки Дили яке аз мавзеъхои асосии Хатлон будааст, зеро тобути мубораки Сайид Алии Хамадониро шогирдонаш дар асри xiv ,бори аввал махз дар Дилии Хатлон гуронида будаанд,на дар шахри Кулоб ки шояд дар он замон ободу машхур набуд.Аз мавзеи Дили як нафар амирзодаи мугул— Мирзо Хайдар дар асари худ «Таърихи Рашиди» хамчун яке аз мавзеъхои мухими Хатлон ёд кардааст.Мирзо Хайдари мазкур дар соли 912/ 1506-7 хангоми аз Хисори Шодмон ба Бадахшон аз узбукхо гурехтанаш аввало дар Пушинг (дехаест маъруф то имруз бо хамин ном дар нохияи Дангараи вилояти хозираи Хатлон) истода, сипас аз он чо ба Дилии бозор меравад:»Чун бо Дилии бозор, ки аз курайёти муътабараи Хатлон аст, расида шуд, ин ахвол маълум гашт».

Оиди шахри Кулоби охири асри xvi дакиктарину бехтарини маълумотхо дар асари Хофизи Таниши Бухори»Шарафномаи шохи» оварда шудаанд.Хофизи Таниш зимни тавсифи чангхои байни лашкари Абдуллохони узбек ва кулобиён дар соли 992/1584 оиди калъаи Кулоб маълумоеи мухим меорад:

«Ва калъаи Кулоб алхакк аз килои машхур ва ба хасонату устувори, расонату пойдори бар алсинаву афвох мавсуфу мазкур, гуй аршест афрохта шуда .Ва хандаке амик монандаи мухит гирди хисори сипехр пардохтаанд.

Магу калъа, кухе, вале бошукух,
Дар у киначуён— палангони кух..
Чу садри Сикандар дараш устувор,
Чу хисни фалак мухкаму пойдор.
Ба хар рукни у бурч афзун зи сад,
Чу айвони Кайвону бурчи Асад
Зи пулод фаршу рахаш рехта,
Сурайё зи такаш даровехта.
Яке тарф хандак чу дарёи Нил,
Равон гирд дар гирди у мил-мил.
Ба болои бурчу фасили Хисор,
Мухайёву омода то сад хазор….

Аз порчаи мазкур ба хулосахои зерин омадан мумкин аст:1)Шахри Кулоб дар мавзеи Халвои бисёр тез комат афрохтааст:2)Дар он калъаи устуворе сохтаанд:3)Турбати поки Амири Кабир Сайид Алии Хамадониро аз мавзеи Дили(Имомали) дар худуди солхои 1584-1594 ба чивори шахри Кулоб— ба мавзеи имрузааш кучонидаанд.

Дар асрхои минбаъда номи Кулоб дар сарчашмахо бештар ба чои Хатлон зикр мегардад.Шахри Кулоб бошад дар тули асрхо обод мешуд.Дар ибтидои асри xx дар шахри Кулоб 17 гузар(махалла) вучуд дошта будааст:Дарвозаи Тебалай, Каволо, Салехбой, Кукчанор, Мулло Низом, Бозорбой, Усто Юнус, Шахид ё Бобои Якум, Сангов,Бозор Алибой, Хочи Рачаббой, Сари бозор, Чармгари боло, Нонвои поён, Хисориён.Дар яке аз гузархои ёдшуда яктоги масчид вокеъ буд, вучуд дошт.Дар як киСе дарвозаи матину доруби мухкаму расин дошт:Яке тарафи шимол мусаммо ба Дарвозаи Чорсу, дигари— тарафи гарб мавсум ба Дарби Имом.Он яки дигар чониби чануб номида шуд ба Дараи Анчиракон.Ва тарфи машрики у ба кух муттасил будюВа калъаи надим, ки яке аз муиззони валинеъмат бу д, бар он кух менамуд.Ва ду чониби он обканде бузургу чарии багоят сутург дошт, чунончи мунтахои калъа аз чанубу шимол рафта буд ва обе соф дар харду чараён менамуд.Ва бар тарафи гарбии у низ обканди амик ,ки об аз чануб ба шимол мерафт, зохир буд ва обхои шимолу чануби калъа низ бар у мерехт, то хар сеи об чамъ омада ба дарёи Кизилсу хамрох мешудюВа дар чониби машрик, ки ба кух муттасил буд, дарричае низ кушода буд».

Чи тавре ки аз тавсифи Хофизи Таниш аён мегардад, шахри Кулоб ба сабаби устувори чун калъаи Кулоб ёд шудааст.Дар он тамоми унсурхои шахри асримиёнагии Мовароуннахру Хуросон мавчуд мебошадюАз тавсиф чунин бармеояд, ки шахри Кулоби асри XVI мудаввар буда се дарвозаю як дарича доштааст. Дарвозахои шахр ба суи минтакаю шахрчахои асосии атрофи Кулоб нигаронида шуда буданд.Масалан: дарвозаи Чорсу дар девори шимолии шахр вокеъ буд,зеро худи шахраки Чорсу— шахраки Муминободи имруза махз дар шимоли шахри Кулоб ва дар масофаи 30 км. дуртар аз он вокеъ буд.Инчунин мардуми нохияхои Ховалингу Балчувону Даханаи имруза низ аз хамин дарвоза дохили шахри Кулоб мегардидаанд.

Дарвозаи Имом дар девори гарбии шахри Кулоб вокеъ гашта ,аз он мардуми Хатлон карияхои Дили ва Имом (Али), ки дар гарбиКулоб вокеъанд,ба шахр ворид мегаштанд.Дар маколаи фавку зикри банда махз хамон дехаи Имомали, ки такрибан дар бист километри Кулоб дар гарби он вокеъ аст, мадфани аввали хазрати имом Алии Сони, яъне Сайид Алии Хамадони дониста шудааст.

Дар дарвозаи Анчиракон мардуми дехоту касабахои дар чануби Кулоб чой дошта ба шахри Кулоб ворид мешуданд.Дар байни онхо касабаи Анчиракон ,ки такрибан дар си километрии чануби Кулоб наздик ба дарёи Панч гашта , имруз низ бо хамин ном вучуд дорад, аз хамаи дехоти минтака бузургтару ободтар буд.Аз хамин ру дарвозаи девори кисми чанубии Кулоб хамчун Дарвозаи анчиракон ёд мешавад.

Даричае, ки дар девори шаркии шахр вокеъ гашта ба кух (теппа) муттасил буд,мухими дигар дошт.Яъне он на барои даромаду баромад, балки барои дар холати изтиори истифода кардан аз он дарича- масалан дар вазъияти душвор ба воситаи он ба кух гурехтан ва гайра, мукаррар шуда буд.

Ба даруни шахр об ба воситаи тарнова (новачуби,дарунхолие, ки об аз тарики он чори мегардид) мерафт.Хофизи Таниш оиди он чунин нигошта:»Ва бар тарнове , ки об аз ончо ба даруни шахр мебурданд, пиёдаи бисёр тиру камонхо ба банду тир хамоил сохта, хандагохи ситез бар миён хаста ва сипархои лаъли бар китф андохта, хучум дохтанд».

Хамин тавр ,дар соли 1584 шахру калъаи Кулоб билкул вайрон карда шуданд.Вале бо ин хаёт дар Кулоб на ин ки катъ нагардид, балки ба зуди ривочи тамом ёфт.Абдуллохон Кулобро ба яке аз хешовандони худ Узбаксултон дода фармуд, ки баъд аз вайрон кардани калъаи Кулоб»дар мавзеи Халвои хисоре, ки панохи раоёву химояти бароёро созад, роияти иззат барафрозад».

Харобахои калъаи Кулоби соли 1584 имруз дар шахри Кулоб болотар аз зиндони Кулоб мавчуданд.Шахри нави Кулоби баъди соли 1584 дар гарби бозори имрузаи Кулоб дар мавзеи Боги пионерон ва махаллаи Чармгари поён, ки дар он замон шояд бо номи Халвои машхур буд, арзи вучуд намудааст.

Амин Ахмади Рози, ки «Хафт иклим»-и худро ба таърихи санаи 1002/1594 таълиф кардааст, оиди Хатлон чунин калимоте сабт намуда:

«Хатлон— ба вуфури фавокиху мева макоме боном аст.Ва иртифоташ нек ба амал меояд ва аспони хатли байналчумхур машхур аст ва мардумаш дар шучоату пайкор солиси Рустаму Исфандиёранд.

Бар яминаш мархабо зан офтоб,
Бар ясораш таррику гу осмон.

Ва мазори фоизу-л-анвори Амир Сайид Али Шихоббидини ал-Хамадони дар чиворисми гузархои мазкур мадорис бо толибилмон мавчуд буд.

Дар шахри Кулоби ибтидои асри xx хунарманди ривочи тамом дошт.Мардум тамоми маводу маснуоти заруриро худаш истехсол мекард, худаш месохт ва истеъмол мекард.

Дар таърихи 15-уми марти соли 1921 куввахои Армияи Сурх дохили Кулоб гардиданд ва 17-уми июни соли 1922 дар Кулоб хукумати Шурои баркарор карда шуд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s